СУҒД. Дар Ҷамоати шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи Зафаробод бо хонандагони муассисаҳои таълимии №2,10,14,21 ва литсейи №2 мулоқот доир шуд. Ин чорабинӣ, ки бо ташабусси КИ ҲХДТ ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия гузашт, ҳадафаш пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ маҳсуб мешуд. Ба муҳассилин доир ба паёмадҳои нохуши терроризм ва экстремизм маълумот дода шуд. Ба таъкиди баромадкунандагон терроризм ва экстремизм аз зуҳуроти номатлуби замони муосир маҳсуб шуда, паёмадҳои нохуши онро ҳамарӯза дучор мешавем. Мутаассифона, дастандаркорон зери ниқоби ислом амалҳои террористӣ анҷом медиҳанд ва иддае бинобар паст будани маърифати ҳуқуқиву динӣ пойбанди чунин ақидаҳои носолим мегарданд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо