СУҒД. Бо ташаббуси кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Спитамен дар МТМУ №1 чорабинӣ гузаронида шуд. Чорабинӣ бо иштироки хонандагони синфҳои болоӣ сурат гирифта, «Ҷавонон бар зидди терроризм» унвон дошт. Сармутахассиси бахши ҷавонон ва иттилоот, мутахассиси омори кумитаи иҷроия ва директори муассисаи мазкур оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстармистию террористӣ андешаронӣ намуданд. Хатару таҳдидҳои терроризм ва экстремизм ба ҷомеа бо мисолҳои возеҳ ва мушаххас фаҳмонида дода шуд. Хонандагон низ зимни ин чорабинӣхеле фаъол буданд. Доири мавзӯъ саволҳо дода, посухҳои мушаххас гирифтанд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо