ШНТҶ. Cанаи 8 феврали соли 2019 вохўрии намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Ҳисор бо ҷавонписарону ҷавондухтарони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 дар мавзўи “Баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷавонон дар мавриди хатари терроризму экстремизм бо мақсади пешгирӣ аз ҷалби ҷавонон ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ” баргузор гардид. Зимни суханронӣ муовини Раиси КИ ҲХДТ – роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Ҳисор Комилҷон Шарипов дар атрофи мавзўи зикршуда ибрози ақида намуда чунин қайд намуд:Тибқи баъзе маълумотҳои оморӣ айни замон дар ҷаҳон зиёда аз 500 ташкилоти террористию экстремистӣ арзи ҳастӣ доранд.
Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти 17 ташкилоти террористиву экстремистӣ манъ карда шудааст. Коршиносон ба ин назаранд, ки ҳамаи ин ҳизбу ҳаракатҳо дорои як манбаву сарчашма буда, усулҳои фаъолияташон низ як умумият дорад – ноором кардани авзои сиёсии давлатҳо, сўистифода аз бовариҳои динӣ, гумроҳсозии ҷавонон ва ба муқобили насли калонсол шўронидани онҳо, бераҳмӣ, қатлу куштор, даҳшатафканӣ, фиребу фирефта кардани ҷомеа ва ғайра. Дар тақвияти гуфтаҳои боло бояд қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро аз вазъияти ҷомеаи ҷаҳонӣ ва хатарҳои он ба истиқлолияти давлатӣ ҳануз соли 2006 дар китоби худ “Тоҷикон дар оинаи таърих” ҳушдор дода буданд. Дар ин китоб ҷомеаи ҷаҳонӣ ва хоса миллати тоҷикро аз терроризму экстремизм, вусъати бесобиқаи бархурди манофеи абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон, низоъҳои ақидавию мазҳабӣ, ифротгароии динӣ, тарғиби ғояҳои тахрибкориву зуроварӣ ва ҷангу куштор (кибертерроризм), инқилобҳои ранга, терроризми генетикӣ, ки ҳамаи ин аз заиф шудани вазъи ҳуқуқи байналмилалӣ шаҳодат медиҳад, бохабар сохта буданд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо