ХАТЛОН. Тибқи нақшаи ТҶҶ “Созандагони Ватан”дар шаҳри Левакант дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми №3-и шаҳр вохурӣ гузаронида шуд. Сараввал роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Ризомова Гуландом бо хонандагони муассисаи мазкур атрофӣ Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суҳбат ороста доир ба масъалаҳои дар Паём зикр гардида ба онҳо шарҳу тавзеҳ дода, қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътирофи нақши калидӣ ва Ҳамоҳангсози Созмони Миллали Муттаҳид ниҳодҳои дахлдори он Стратегияи ҷаҳони созмонро оид ба мубориза алайҳи терроризм ва конвенсияҳои зиддитеррористи ифротгарои дониста, омодагии худро ҷиҳати тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар ин самт изҳор менамояд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо