ХАТЛОН. Мувофиқи ҷадвали баргузории суҳбату вохуриҳои бахши намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Вахш саннаи 6.02.19 дар деҳаи Навободи ҷамоати Тоҷикобод бо ҷавонони деҳаи мазкур ҷиҳати расонидани нуқтаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар вохурию суҳбат анҷом дода шуд.Зимни вохурии мазкур мудири Шуъбаи кор бо ҷавонон, Роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» - Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Худойдод Ёров иброз доштанд, ки Пешвои миллат дар ҳар як маҷлису вохуриҳояшон ба ҷавонон диққати махсус дода, ҷавононро ҳамчун нерўи фаъолу боғайрат ва ташаббускору созанда арзёби мекунанд. Ҷавонони моро месазад тамоми дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро, сармашқи асосии кору пайкор ва фаъолияти ҳамарўзаи худ қарор дода дар давраи ҷаҳонишавии муносибатҳо ,бо афкору андешаҳои тозаи ватандўсти нагузоранд, ки гуруҳҳои тундраву ифротгаро фазои софи Ватани азизамонро ғуборолуд созанд.Ҳамзамон қайд карда шуд, ки ҷавонони созандаи мо бояд барои аз худ кардани забонҳои хориҷи ва тамоми илмҳои муосир саъю талош варзида дар рушду нумуи Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро гузоранд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо