ХАТЛОН. Тибқи ҷадвали мувофиқа ва тасдиқгардида роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»дар ноҳияи Носири Хусрав дар Маҳаллаи Муродтеппа-и ҷамоати деҳоти Фирузаи –и ноҳия бо иштироки васеи ҷавонон, бо мақсади ташаккули мафкураи сиёсии онҳо вохӯрӣ дар мавзўи «Паём-тадбири созанда ба хотири ояндаи миллат» баргузор гардид. Роҳбари бахши намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳия Остонақулов Шодмонбек баромад намуда иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худба баланд бардоштани сифати таълим, ҷалби истеъдодҳои ҷавон ба омўзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникиӣ аҳамияти хосса медиҳанд ва дар Паём рушди илм ва технология, ҷалби афроди лаёқадманд, махсусан ҷавонони кишвар ба навоварию ихтироъкорӣ, ва баланд бардоштани савияи дониши ҷавононро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа таъкид карданд. Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техники муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омўзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техники вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф мебошанд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо