ХАТЛОН. Тибқи ҷадвали тасдиқгардида роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»дар ноҳияи Носири Хусрав рузи 29.01.2019 дар Маҳаллаи Фирузаи ҷамоати деҳоти Фирузаи –и ноҳия бо иштироки васеи ҷавонон, бо мақсади ташаккули мафкураи сиёсии онҳо вохурӣ дар мавзуи «Паём» таҳкимбахши сиёсати давлатии ҷавонон баргузор гардид. Роҳбари бахши намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳия Остонақулов Шодмонбек баромад намуда қайд намуд, ки Пешвои миллат дар ҳама мулоқоту суханрониҳояшон, бахусус зимни ирояи паёмҳои ҳамасолаашон дар баробари дигар масъалагузориҳо ба масоили ҷавонон тавваҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Сарвари давлат дар ҳар як Паёмашон ба ҷавонон ру оварда пайваста моро барои ҳивзи Ватан истиқлолияти давлатӣ ватандўстиву ватанпарасти, худшиносиву худогоҳи, бархурдор будан аз дастовардҳои илму фарҳанги ҷаҳонӣ, донишандузӣ, донистани техникаву технологияи навтари, интихоби касбу ҳунарҳои муосир даъват ва ҳидоят менамояд. Баробари ин ҷавононро аз зуҳуроти номатлубу зишти ҷаҳони муосир ҳушдор медиҳад, ҷавонони саодатманду сарбаланди кишварро нерўи созанда, иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, ояндаи давлату миллат медонад ва баҳри татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон мунтазам ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас медиҳад.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо