ХАТЛОН. Бо мақсади амали намудани дастуру супоришҳои нуқтаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ободии маҳал бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон корҳои ободонӣ ташкил ва гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур 12 нафар аъзоёни ташкилоти ҷамъиятии “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Қубодиён иштирок намуда, заминҳои гирду атрофи ташкилоту идораҳо, зери дарахтони сояафкани маркази ноҳияро нарм карда, ҷӯйборҳоро аз партов тоза намуданд. Аз аъзоёни фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” 25 дарахти сояафкан, 21 дарахти мевадиҳанда ва 30 адад гулҳои ороиши шинонида шуд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо