СУҒД. Имрӯз дар шаҳри Конибодом шанбегии умумишаҳрӣ гузаронида шуд. Дар шанбегӣ дар баробари сокинону кормандони идораву ташкилотҳои гуногуни шаҳр, аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” низ муташаккилона ширкат варзиданд. Имрӯзҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки «1300-рӯзи ободонӣ» эълон гардидааст, дар қаламрави шаҳр корҳои зиёди ободониву созандагӣ амалӣ карда мешаванд. Сарсабзу хуррам гардонидани диёр яке аз ҳадафҳои шанбегӣ буд ва одатан дар чунин корҳои ҷамъиятӣ аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» фаъолона ширкат меварзанд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо