Имрӯзҳо ҷавонони мо дар радифи босуръат рушд кардани интернет ва пайдо шудани шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ, аз навтарин дастоварду имконоти он истифода мебаранд. Бешубҳа бархе аз падидаҳои номатлубе, ки дар ҷомеаи шаҳрвандии мо рӯйи кор омадаанд, аз таъсири бевоситаи шабакаи интернет ва филмҳои хориҷӣ маншаъ мегиранд. Тақлид ба либоспӯшии ғайр, олудасозии забони модарӣ бо забонҳои хориҷӣ, одобу ахлоқи ношоиста аз нишонаҳои таъсири интернет ва филмҳои хориҷӣ аст. Ин вазъият дар замони ҳассоси ҷаҳонишавӣ хеле нигаронкунанда маҳсуб меёбад.
Барои аз нигоҳи илмӣ ва равонӣ равшанӣ бахшидани мавзӯи мазкур, дар илми равоншиносӣ мафҳуми «Психологияи иҷтимоӣ» ҷой дорад, ки сарчашмаи он аз равандҳои таъсиркунандаи ҷомеа аст. Аксаран филмҳо ба рӯҳияи баъзе типҳои одамон чунон таъсир мекунанд, ки инсон қаҳрамони он филмро «эталон» - и худ мешуморад, ё бо ғаму шодии қаҳрамони филм ҳамроҳ мешавад, ё ба он тақлид мекунад ва ё аъмоли ӯро пайваста иҷро мекунад. Аз сабаби оне ки ҷавонон дар давраи гузариши синнусолӣ қарор доранд, ин гуна ҳолатҳо метавонанд, эшонро ба ҳодисаҳои равонӣ дучор созад. Бештар филмҳои дорои сужети ҳузнангез, ки аз нокомии ишқ, бохти зиндагӣ ва тақдиру қисмати шӯр қисса мекунанд, метавонанд ба равони духтарон таъсиргузор бошанд. Аммо аз бисёр ҷиҳат ин ба худи шахс ва устувории психологии ӯ вобастагӣ дорад. Баъзан шоҳиди он мегардем, ки мардум номи фарзанди хешро ба шарафи қаҳрамони филми хориҷии дӯстдоштааш мемонад, ки ин аз фарҳанги номгузорӣ фарсахҳо дур аст.
Аксари барномаҳои шабакаҳои телевизионии хориҷ аз арзишҳои миллӣ ва фарҳанги мо дуранд. Филмҳои синамогарони Ғарб, ки бештар саҳнаҳои мудҳиши ҷанг, фалокат, ҳаводиси ғайричашмдошту ғайримуқаррарӣ ва фантастикиро дар бар мегиранд, дар маркази таваҷҷуҳи ҷавонон қарор доранд. Ин гуна филмҳо дар кинотеатрҳо бо формати 3D намоиш дода мешаванд, ки таҳлукаовару даҳшатоваранд. Ҷавонони мо аз тамошои ин гуна филмҳо ҳаловат мебаранд ва ба истилоҳе «адреналин» - и худро зиёд мекунанд. Оморҳо нишон медиҳанд, ки аксари ҷавонони мо истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоии Одноклассники, Вконтакте, Facebook мебошанд. Вақте мо дар мавриди таъсири интернет суҳбат мекунем, бояд дониста бошем, ки албатта, интернет метавонад ба мафкураи ҷавонон ба ду омил таъсир кунад, яке омили мусбат, дигаре манфӣ. Агар мо таваҷҷуҳ кунем, ҷавононе, ки мехоҳанд барои рушду такмил додани шахсияти худ кор бикунанд, аз сомонаҳое кор мебаранд, ки ба нафъи онҳо аст ва ба эшон таъсири мусбат мерасонанд. Баъзан ҷавонон интернетро бо мақсадҳои дигар истифода мекунанд, ки ин амал метавонад ба онҳо таъсири манфӣ бирасонад ва ба буҳрони маънавӣ гирифтор бисозад. Бубинед, имрӯз дар интернет китобхонаҳои электронӣ зиёданд, ки метавонанд, дар ташаккули дониши ҷавонон саҳм гузоранд. Аз ин рў, ҷавононро зарур аст, ки аз ин имкониятҳо истифода бурда, худро бо донишҳои муосир мусаллаҳ созанд.
Ҳамзамон, дар давраи мушкили ҷаҳонишавӣ ва бархўрди тамаддунҳо моро мебояд, аз арзишҳои миллӣ, фарҳангу илм ва гузаштаи пурифтихори худ ҳимоя кунем ва онро ҳифз намоем.
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо