ХАТЛОН. Санаи 28-уми январи соли ҷорӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Варзиш» оид ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва САФҲ, бо аъзоёни ташкилоти ибтидоии “Варзиш” вохурӣ доир карда шуд. Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак – Фирдавс Ғафурзода оид ба нуқтаҳои муҳими Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баромад намуда қайд намуд, ки Аз дигар масъалаҳои умдае, ки дар Паёми Пешвои миллат зикр гардид, ин мавқеи занону ҷавонон дар ҷомеа буд. Вобаста ба ин Пешвои миллат иброз доштанд, ки “Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии занон ҳамчун нерўи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем”. Ҳамзамон нисбати ҷавонон бо қаноатмандӣ чунин иброз доштанд: “Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дасгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзандаашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем”. Мо бояд аз нерўи созандаи занону ҷавонон дар татбиқи қонунҳои миллӣ, пойдориву устувории фарҳанги милливу забони давлатӣ ва пешгирӣ аз пайдоишӣ террозизму экстремизм истифода барем. Дар рушди инфрасохтори варзишӣ мусоидат намуда, ҷавононро ба варзиш ва дигар корҳои солимгардонӣ ҷалб намоем. Чи тавре ки Пешвои миллат дар Паёми худ масъулонро ба хизмати софдилона ба халқу миллат даъват намуданд ва ҳамзамон дар муроҷиаташ ба халқи шарифи Тоҷикистон муроҷиат намуда қайд карданд, ки мо бояд шукргузор аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, шукронаи сулҳу осоиштагии Ватанамон намоем.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо