СУҒД. Дар доираи нақшаи ҳафтаинаи баргузории вохӯриву мулоқотҳо дар корхона, муассиса, ташкилот, Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ҷаббор Расулов ва ҷадвали баргузории сӯҳбату вохӯриҳои ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов санаи 28-уми январи соли ҷорӣ бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо хонандагони синфҳои болоии Гимназияи №1 воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ раиси Шӯрои собиқадорони КИН ҲХДТ Бойтемиров Мавлонқул, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИН ҲХДТ ва роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Набиев Шерзод иштирок ва суханронӣ намуданд. Баромадкунандагон зимни вохӯрӣ оид ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои даврони Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҷараёну равияҳои бегона, тарбияи ҷавонон бо ахлоқи ҳамидаву эҳсоси баланди ватанпарастиву худогоҳии миллӣ, дар бораи ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ибрози андеша намуданд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо