ДУШАНБЕ. Имрӯз дар асоси нақша - чорабиниҳои шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и ноҳияи Шоҳмансур бо хонандаҳои синфҳои болоӣ вохўрӣ доир гардид. Дар вохӯрии мазкур Сайдалӣ Шамсов - мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб, Бурҳонзода Муслиҳиддин – мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва Ҳасанов Насим - мудири бахши кор бо ҷавонони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур иштирок ва суханронӣ намуданд. Сайдали Шамсов дар суханронии худ оид ба омўзиши нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат суханронӣ намуда ба ҷавонон таъкид намуданд, ки мо бояд ба эътимоду бовари ва ғамхории Пешвои миллат, ки ба хусус баҳри ояндаи дурахшони насли ҷавону наврас пайваста зоҳир менамоянд, қадр карда ҷавобан ба ин ғамхориҳо вазифаҳои бардуш доштаи худро содиқона ва софдилона иҷро намоем. Ҳамчунин оид ба гаравиши ҷавонон ба гурўҳҳои ифротӣ ва коста гардидани одоби насли ҷавон, махсусан эҳтироми калонсолон, лафзи покиза ва рӯ овардан ба омӯзиши касбу ҳунар суханронӣ намуданд. Ҳамзамон, Ҳасанов Насим - мудири бахши кор бо ҷавонони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур маърўза намуда, оид ба таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва ҷиҳати баланд бардоштани донишу малакаи хонандагон, содир шудани ҷиноятҳо аз ҷониби хонандагони мактаб ва дигар мавзуҳои мубрами рӯз суханронӣ кард.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо