Шӯрои марказии ТҶҶ “Созандагони Ватан” кулли ҷавонони сарбаланди Тоҷикистонро ба фарорасии соли нави мелодӣ табрику шодбош мегӯяд.
Барои мо ҷавонони сарбаланди Тоҷикистони соҳибистиқлол соли 2018 воқеан ҳам соли масъулият ва ҷаҳду талошҳо дар роҳи ватансозӣ буд, ки бо дастгириву ҳидоятҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистем шарафмандона аз ӯҳдаи иҷрои вазифаҳои дар наздамон гузошташуда бароем. Тавре Пешвои миллат санаи 26.12.2018 дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии тоҷикистон иброз доштанд: “Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгириҳои самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзандаашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем”.
Ин суханони арзишманд барои мо ҷавонони соҳибватан мояи ифтихору сарбаландӣ, ҳамзамон омили баланд бардоштани масъулияти давлатдорӣ, худогоҳӣ, хештаншиносӣ ва муҳимтар аз ҳама ватандӯстист.
Дар ин росто, бояд дарк намоем, ки соли нави 2019 масъулиятҳои моро дар назди халқу Ватан боз ҳам бештар месозад.
Бо назардошти авзои сиёсии ҷомеаи ҷаҳонӣ моро зарур аст, ҳамчун фарзандони содиқи Ватан беш аз пеш дар гиромидошти арзишу муқаддасоти миллӣ ва ҳифзи суботу амният собитқадаму устувор бошем.
Дар ин замина, бо таваҷҷуҳ ба он, ки солҳои 2019-2021 аз ҷониби Пешвои миллат Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст, моро месазад бо назардошти таҷрибаҳои дар соли гузашта андухтаамон дар самти рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ҷиҳати рушду ободии деҳот низ бо кору амали бунёдкорона қувваи пешбарандаи ҷомеа будани худро собит созем.
Бо ин нияту таманниёти нек, бори дигар Шумо ҷавонони сарбаланди кишварро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, бароятон хонаи обод, тани сиҳат ва дар кору амали созандаатон комёбиҳои нав ба навро таманно менамоем.
31.12.2018, шаҳри Душанбе
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо