ХАТЛОН. Дар ташкилоти ибтидоии “Маорифчиён”- муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 – и ноҳияи Кӯшониён бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ташаббуси ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва масъулини муассисаи мазкур озмуни “Расоми беҳтарин ” баргузор карда шуд. Дар озмун хонандагон фаъолона иштирк намуда, дар мавзуъҳои Кишварам - Тоҷикистон, обу чашмаҳои шифобахш, табиати афсунгар, мактаби ман, варзиш ва ғайраҳо беш аз 112 адад расмҳои гуногунро пешниҳод намуданд.
Ба ғолибони озмун ва беҳтаринҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо