ДУШАНБЕ. Имрӯз дар асоси нақша - чорабиниҳои шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе оид ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31-и ноҳияи Шоҳмансур бо омӯзгорони ҷавон ва хонандаҳои синфҳои болоӣ вохўрӣ доир гардид. Дар вохӯрии мазкур Сайдалӣ Шамсов - мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб оид ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат суханронӣ намуда, қайд кард, ки ҷавонон ташаббускори амалҳои созанда бошанд, дастовардҳои илмиву эҷодии худро сари вақт муаррифӣ созанд, ба муқобили зуҳуроти номатлуб мубориза баранд, зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳифзи амнияти ҷомеа ва давлат омода бошанд, таъриху фарҳанги халқамонро гиромӣ доранд ва барои ободиву пешрафти минбаъдаи Ватани маҳбубамон саъю кӯшиш намоянд, ҳамзамон бо ҷавонон оид ба яке аз мушкилиҳои ташвишовари рӯз, гаравидани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ҳамсуҳбат шуда оид ба мақсадҳои ғаразноки онҳо бо далелҳои мушаххас ба ҷавонон фаҳмондадиҳӣ намуданд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо