ДУШАНБЕ. Санаи 21 декабри соли равон дар МТМУ №70-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо иштироки намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Лақаев М-Директори мактаби мазкур бо хонандагони синфҳои болои вохӯрӣ баргузор гардид. Ҷасур Раҳмонов аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” ҷавононро маҳаки асосии пешравии давлату ҷомеа дониста, ояндаи дурахшонии кишвари азизамонро дар дасти ҷавонони соҳибитеъдоду болайёқат маҳсуб донистанд. Таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллатро нисбат ба ин қишри ҷомеа баланд арзёбӣ намуда, даъват ба амал намуданд, ки ҷавонон имрӯз бояд ҷавобан ба ғамхории Пешвои миллат дар пешрафти ватани азизамон саҳмгузор бошанд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо