ДУШАНБЕ. Намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” бо доираи васеъи ҷавонони маҳаллаи Ховарон вохӯрӣ намуда, роҷеъ ба масъалаҳои мубрами рӯз: тарғиби ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, омӯзиши илм ва касбу ҳунар, тақвият бахшидани раванди худшиносию худогоҳии миллӣ, баланд бардоштани эҳсоси ватанпарастӣ дар ниҳоди ҷавонон, ба ин васила пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ амсоли пешгирии гароиш ба фарҳанги бегона, пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию экстремистӣ, роҳ надодан ба тарғиби идеологияи носолим дар ҷомеа ва амсоли ин масоили иҷтимоии ҷомеа суханронӣ гардид. Мавриди зикр аст, ки дар марҳилаи хеле ҳассоси бархурди тамаддунҳо тарғиби идеологияи солими ватансозӣ, ташаккули шахсияти комили ватанпарасту миллатдӯст, дар баробари ин ҳифзи арзишҳои миллӣ, марзу буми Ватан, тарбияи фарди худогоҳу хештаншинос рисолати миллӣ ва асолати ҳар зиёии ватандӯсту худогоҳи “Созандагони Ватан” аст.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо