ДУШАНБЕ. 25 декабри соли равон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17-и ноҳияи Фирдавсӣ бо иштироки Исмат Расулов, роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳия бо хонандагони сифҳои болоӣ дар мавзӯи “Ифротгароӣ- омили хатарноки аср” мулоқот доир гардид. Мавсуф дар мавриди пайдоиши ин омили номатлуб, зарару зиёни он ба мамолик ва сокинони осоиштаи он, қурбониҳои дасти онҳо ва ғайра маълумот дод. Ҳамзамон иброз дошт, ки ҷавонон ҳамчун неруи солиму созанда бояд муқобили ин падидаи номатлуб муборизаи беамон баранд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо