ХАТЛОН. Намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Муъминобод рӯзи 21.12.2018 дар якҷояги бо Маркази тарзи ҳаёти солим дар толори госпитали ноҳия мизи мудаввар миёни ҷавонон оид ба Вируси норасоии масъунияти одам доир гардид. Дар баргузории мизи мудаввар миёни ҷавонон раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» КИ ҲХДТ дар ноҳия Ҳайдаров Рамазон, мудири шуъбаи ҷавонон Раҷабов Абдулло ва директори Маркази тарзи ҳаёти солим Машрабов Гурез иштирок ва суханрони намуданд. Ҳайдаров Р қайд намуд, ки бо дастгирӣ ва иштироки васеъи ҷавонон ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар давоми соли ҷори чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ суҳбату вохуриҳо гузаронида шуд. Аз ҳисоби фаъолони ҷавонони ТҶҶ «Созандагони Ватан» гуруҳҳои таблиғотӣ созмон дода дар ҳамаи муассисаҳои ноҳия, корҳои оммафаҳмонӣ,таблиғотию ташвиқотӣ оиди Вируси норасоии масъунияти одам суҳбату вохуриҳо гузаронида шуд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо