ХАТЛОН. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» нишон дод, ки мавҷудияти чунин як санад дар ҷомеаи мо ба манфиати кор аст. Қонуни мазкур волидайн, шахсони онҳро ивазкунанда ва аҳли ҷомеаро мувазаф намудааст, ки дар камолоти насли наврас масъулияти бештар дошта бошанд. Мутаассифона, бо вуҷуди дастовардҳо дар ин самт, ҳмоно қонуншиканӣ дар байни ноболиғон ва риоя нашудани муқаррароти қонун ба назар мерасад. Барои мисол агар дар соли 2017 аз ҷониби ноболиғон ё бо иштироки онҳо 690 ҷиноят содир шуда бошад, дар 9 моҳи соли ҷорӣ, аллақай, 734 ҷиноят содир шудааст. Рўзи 20-уми декабри соли 2018 намояндагии ташкилоти ҷамъиятии «Созандагони Ватан»-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар муассисаи таҳслоти миёнаи умумии №6 воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Доғистон бо наврасону ҷавонон оид ба худшиносиву худогоҳӣ вохўрӣ доир намуданд. Вохўриро Неъматов Абдулҷаббор роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин кушода, доир ба баланд бардоштани пояҳои ахлоқӣ ва маданияти ҳуқуқӣ наврасону ҷавонон ва ба илму дониш фаро гирифтани онҳо суханрони намуда таъкид дошт. Инчунин дар бораи вазъи имрўзаи ҷаҳон ва ру ба ру гардидани баъзе давлатҳо ба амалҳои терорристиву экстремисти ва оқибатҳои харобиовар суханрони намуданд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо