ХАТЛОН. Намояндагони ТҶҶ«Созандагони Ватан» дар ноҳияи Ҳамадонӣ вохӯрии навбатии худро бо ҷавонони деҳаи Анҷиркони Ҷамоати деҳоти Панҷруд дар мавзуи «Садоқат ба Ватан мароми мост!» баргузор гардид. Зимни вохўри Муродали Шамсов дар байни ҷавонон таъкид намуд, ки дар замони истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон ба як қатор дастовардҳои усулӣ ноил гардид, ки ҳамаи онҳо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо пуштибонии мардуми кишвар рўи даст омаданд. Рушд ва таҳкими дастовардҳои соҳибихтиёрии давлатӣ барои ҳифзу татбиқи манфиатҳои миллии Тоҷикистон мақоми калидӣ доранд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо