ХАТЛОН. Тибқи нақша чорабиниҳои ТҶҶ “Созандагони Ватан” кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ Моҳира Одинаева ва Муродали Шамсов бо мақсади ташаккули мафкураи сиёсии ҷавонон вохурии навбатии худро бо ҷавонони ҷамоати деҳоти Панҷоб таҳти унвонии «Садоқат ба Ватан мароми мост» баргузор намуданд. Зимни вохури Муродали Шасмсов иброз дошт, ки имрўз мо бояд сулҳу субот ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ва сарвати бебаҳо ҳифз намоем, ба қадру манзалати истиқлолият ва давлатдориамон расем. Дар охир масъулин ҷавононро ба сӯи ояндаи дурахшону садоқат будан ба ватан ва ҷомеаи солиму бо маърифат ҳидоят намуданд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо