ДУШАНБЕ. Вобаста ба нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ҷадвали сӯҳбату вохӯриҳои намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар шаҳри Душанбе 21-уми декабри соли равон дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №100 - ноҳияи Шоҳмансур бо хонандагон вохӯрӣ доир гардид. Дар он Шамсов Сайдалӣ – мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, корманди масъули ҳизбии ноҳия ва роҳбарияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №100-и ноҳияи Шоҳмансур иштирок ва суханронӣ намуданд. Шамсов Сайдалӣ зимни баромади хеш оид ба ҳифзи арзишҳои маънавию инсонӣ, амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҷинояткорӣ дар байни наврасон нигоҳдории гулгашту майдончаҳои варзишӣ, эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ ва дигар масъалаҳои муҳими ҷомеа суханронӣ намуд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо