СУҒД. Бо мақсади ташаккули фаъолияти эҷодии наврасон дар ҷодаи ҳаҷв, инкишофи маҳорати доирсозии чорабиниҳо, такмили лаёқати ташкилотчигии ҷавонон нисбати жанрҳои гуногуни санъати миллӣ, тақвияти дӯстиву рафоқат байни ҷавонон, таъмини тарбия дар руҳияи тарзи ҳаёти солим, мубориза бар зидди маводи мухаддир, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои террористӣ-экстримистӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон бахшида ба «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» дар кохи «Истиқлол» бо ибтикори ТҶҶ «Созандагони Ватан», шуъбаи кор бо занон ва ҷавонон, озмуни шаҳрии «Хушҳолон ва ҳозирҷавобон» баргузор гардид. Ба чорабинӣ бештар аз 270 нафар ҷавонон ҷалб карда шуданд. Дар озмун муҳассилини муассисаҳои таълимӣ байни ҳам ширкат варзиданд. Иштирокчиёни озмун тибқи Низомномаи тасдиқгардидаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Гулистон донишу малакаи худро нисбати масъалаҳои ватандӯстию ватанпарастӣ, хизмат ба Ватан, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ - экстримистӣ иброз намуданд. Дар ҷамъбасти озмуни шаҳрии «Хушҳолон ва ҳозирҷавобон» дастаҳои ғолиб ва иштирокчиёни беҳтарин бо Ҷом, Диплом ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон сарфароз гардонида шуданд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо