СУҒД. Имрӯзҳо масъалаи ҳалталабе, ки доғи рӯзи ҷомеа гаштааст, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва содир намудани амалҳои номатлуб байни онҳо мебошад.ТҶҶ «Созандагони Ватан» и КИ ҲХДТ дар шаҳри Конибодом дар ҳамкори бо собиқадорони ҷангу меҳнати МИҲД вохӯриҳо ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои номатлуб байни ҷавонон гузаронида истодааст, чунин вохӯри санаи 22 декабр бо ҷавонони ҷамоати мазкур гузаронида шуда, дар он Раиси собиқадорони ҷангу меҳнат Раҳимов Солиҷон ва собиқадорони маориф, тандурустӣ Ғаниев Т ва Бобозода А инчунин роҳбарии ТҶҶ «Созандагони Ватан» Шарипов А ва капитани милитсияи кор бо ноболиғони ШКД Ализода Д иштирок ва суханрони намуданд.Шарипов Акмал, рохбари намояндагии ТЧЧ "Созандагони Ватан" дар ш.Конибодом дар баромади худ қайд кард, ки ҳар як ҷавон бояд хуб дарк кунад,ки дар куҷое, ки набошад, он зодаи Тоҷикистон будани худро фаромӯш накарда, барои пешрафт ва ободонии саҳмгузор бошанду зиракии сиёсиро аз даст надода, ба фиребу фирефтаҳои ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо шомил нашаванд ва бо донишу касби худ барои Ватани маҳбуби худ, содиқона хизмат намоянд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо