СУҒД. Мусобиқаи вилоятии футбол, ки байни ҷавондухтарони то 16 сола дирӯз, 23 декабри соли ҷорӣ дар ноҳияи Мастчоҳ баргузор шуд, 7 даста аз шаҳру навоҳии Хуҷанд, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва Мастчоҳро ба ҳам овард. Мусобиқаи мазкур бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ, намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан", дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва сарпарастии Федератсияи футболи вилояти Суғд ба муносибати 24-солагии ҲХДТ баргузор шуд. Дар расми ифтитоҳи он раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода, раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб Дилшод Зокиров, намояндаи Федератсияи футболи вилоят Аҳлиддин Юнусов, масъулини бахшҳои кумиҷроия ва намояндагони ВАО иштирок доштанд. Нахуст Дилшод Зокиров, раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб мусобиқаро расман ифтитоҳ бахшида, доир ба мақсаду вазифаҳои он сухан гуфт. Ғайрат Азиззода, раиси ноҳияи Мастчоҳ зимни суханронии табрикӣ оид ба рушди варзиш дар ноҳия, бунёди варзишгоҳи замонавӣ барои 10 ҳазор нафар, толору майдончаҳои варзишӣ, дастовардҳои варзишгарони ноҳия дар мусобиқоти сатҳи гуногун ибрози андеша карда, изҳор дошт, ки мусобиқаи имрӯза низ метавонад ба рушди футболи духтарона дар ноҳияи Мастчоҳ ва ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба ин навъи варзиш такони ҷиддӣ бахшад. Сипас тибқи қуръапартоӣ бозӣ дар варзишгоҳи навбунёди Устосафар Олимов оғоз ва хеле шавқовару диданӣ ҷараён гирифт. Дастаҳои "Истиқлол"-и ноҳияи Мастчоҳ ва Мактаби махсуси варзишии вилоят дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд. Аммо бозии онҳо мусовӣ - 1:1 анҷом ёфт ва доварон барои муайян кардани ғолиб пеналти, ё худ задани зарбаҳои ёздаҳметриро муқаррар карданд. Дар натиҷа дастаи "Истиқлол"-и ноҳияи Мастчоҳ бо бо ҳисоби 3:1 ба дастаи ноҳияи Ҷаббор Расулов пирӯз ва сазовори Ҷоми КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ гардид. Тибқи натиҷаҳои бозӣ дастаҳои ноҳияи Ҷаббор Расулов ва шаҳри Хуҷанд мақомҳои дуюму сеюмро соҳиб ва бо Дипому медалҳои мусобиқа қадрдонӣ шуданд. Рухшона Файзуллоева аз дастаи ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳамчун беҳтарин футболбози мусобиқаи мазкур бо мукофоти пулии раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ сарфароз гардонида шуд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо