ХАТЛОН. Санаи 19-уми декабри соли ҷорӣ тибқи нақшаи чорабнии намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ масъулин бо ҷавонони ҷамоати Халевард маҳаллаи ба номи Садриддин Айни хониши сиёсӣ таҳти шиори «Мо бо фарҳанги худ ифтихор дорем» баргузор гардид. Дар вохурӣ роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» Нуруллоев Саъдулло, иштирок ва суханронӣ намуда иброз доштанд, ки эълон гардидани соли 2018 ҳамчун соли рушди саёхӣ ва ҳунархои мардумӣ аз ҷониби Сарвари давлат ин ба он хотир аст, ки ҳар як кишвар новобаста аз дину мазҳаби худ пеш аз ҳама соҳиби фарҳанги миллӣ аст аз ин лиҳоз либоси миллӣ дар ташаккули андешаи миллӣ ва боло рафтани худогоҳиву худшиносии мардум, бахусус наврасону ҷавонон таъсири амиқ дорад. Либос ҳамчун аркони фарҳанги миллӣ ва ҳастии миллат ба ҳам алоқамандии мантиқӣ доранд, чунки либос баёнгари рафтору ахлоқ аст. Дар пайдо ва интихоб кардани сарулибос ва мавқеи истифодаи он маърифат мададрасон мешавад. Мо точикон фарҳанги қадима ва ғании либоспўшӣ дорем, ки дар тўли таърих новобаста ба таъсирҳои беруна тарҳи аслии худро нигоҳ дошта, аз насл ба насл интиқол ёфтааст. Ва моро мебояд ин фарханги бойу гании худро нигох дошта аз фарханги пегона канорачуйи намоем.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо