Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Балҷувон бо ҷавонони деҳаи Файзободи Ҷамоати деҳоти Тоҷикистони ноҳияи Балҷувон суҳбату вохўрӣ бо мақсади ташаккулу мустаҳкам намудани базаи сиёсиву фарҳангии онҳо таҳти шиори “Мо ҷавонон муҳофизону созандагони Ватан” доир намуданд. Дар ин суҳбат роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Балҷувон Муродова Марҷона иштирок намуда, зикр намуданд, ки ба ҷомеаи шаҳрвандии мо айён мебошад, ки ояндаи миллат ва давлат ба насли ҷавон хоҳад гузашт, бинобар ин вазифаи муқаддаси ҳар як шахс ба камол расонидани насли ҳаматарафаи солим, соҳибмаълумот, бунёдкор, миллатдўсту меҳанпараст буда, тарбия намудани фарзандон дар руҳияи анъанаҳои миллӣ қарзи ҳар як волидайн мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ин омилҳо масъалаи таълиму тарбияро яке аз самтҳои асосии афзалиятноки сиёсии давлатӣ элон намудааст.Дар ҳар як вохўриву мулоқотҳои худ Асосгузори сулху ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкид менамоянд, ки дар қатори масъулияти давлат, волидон низ бояд ҳамеша дар фикри таълиму тарбияи фарзандони худ бошанд. Бояд тазаккур дод, ки дар пешгири намудани ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ва нагаравидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ аз хонадон оѓоз карда то ба муассисаи таълимӣ ва ҷомеъа ҷиҳати таълиму тарбияи дурустӣ ҷавонону наврасонро пурзур гардонида, онҳоро дар руҳияи ватандўстиву хештаншиносӣ ва худогоҳӣ тарбия намоем.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо