ХАТЛОН. Намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ санаи 19-уми декабри соли ҷорӣ бо ҷавонони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 ҷамоати деҳоти Халевард маҳаллаи Максим Горький дар самти худшиносиву худогоҳи миллӣ вохурӣ доир намуданд. Вохўриро Нуруллоев Саъдулло роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кушода, доир ба баланд бардоштани пояҳои ахлоқи ва маданияти ҳуқии наврасону ҷавонон ва ба илму дониш фаро гирифтани онҳо суханрони намуда таъкид дошт. Ичунин дар бораи вазъи имрузаи ҷаҳон ва ру ба ру гардидани баъзе давлатҳо ба амалҳои терористиву экстремисти ва оқибатҳои харобиовари суханрони намуданд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо