ХАТЛОН. Дар доираи ҷадвали Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Балҷувон деҳаи Шаиди Бобохони Ҷамоати деҳоти Тоҷикистони ноҳияи Балҷувон бо ҷавонон суҳбату вохўриҳо дар самти баланд бардоштани сатҳи дониши онҳо, ташаккул додани мафкураи ахлоқии онҳо, дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дигар масоили марбут ба таълиму тарбияи дурусти насли наврасу ҷавон баргузор гардонида шуд. Мавриди зикр аст, ки дар суҳбат роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” Муродова М. қайд намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллї-Пешвои миллат,Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон ҳангоми қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” изҳор дошта буданд, ки фарзанд меваи умри одамизод аст.То замоне, ки ҷон дар бадани инсон аст, набояд ў аз таълиму тарбияи фарзанд канораҷўӣ кунад.Ёдовар намуданд, ки таҳлилҳои мутахассисон нишон медиҳад, ки солҳои охир сатҳи таълиму тарбияи фарзандон то андозае паст рафтааст, ки баъзе аз падару модар ба ин масъалаи мухим беътиноӣзоҳир мекунанд ва ин боиси он мегардад, ки онҳо бе назорат монда,субҳу шом дар кучаю хиёбонҳо, марказҳои дилхушї, бозиҳои компютерӣвақти худро гузаронида, ҳатто ба мактаб намераванд. Метавонад чунин сабабҳо сатҳи ҷинояткориро дар байни ҷавонон афзуда, онҳо фирефтаи найрангу дассиса ва бозичаи дасти гурруҳони террористиву экстремистӣгарданд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” имконият фароҳам меорад, ки насли солиму тарбиятдида ташаккул ёфта, барои ободию пешрафт ва эътибори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣсаҳмгузор бошанд. Аз ин лиҳоз барои мустаҳкам намудани басаи сиёсиву фарҳангии хонандагон ва насли наврасу ҷавон аз тамоми методҳои муосири замон ба таври комил истифода намуд ва тоинки онҳо шахсони оқилу дурандеш ва соҳибмаълумот ба воя расанд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо