ХАТЛОН. Тибқи нақшаи кори роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Носири Хусрав санаи 20.12.2018 дар маҳаллаи 20 Солагии Истиқлолият-и ҷамоати деҳоти «Фируза»–и ноҳия бо иштироки васеи ҷавонон бо мақсади ташаккули мафкураи сиёсии онҳо вохӯри дар мавзуи «ҷалби ҷавонон аз тарафи ташкилотҳои терроистию экстримистӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз онҳо» баргузор гардид. Роҳбари бахши намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳия Остонақулов Шодмонбек баромад намуда ибрози андеша намуд, ки Инсоният дар шароите ба асри 21 ворид гардид, ки дунё ба таҳавуллоти азим дучор шуда, сиёсати ҷаҳони кулан дигаргун гашт, набзу низоми зиндагӣ дар тамоми сайёра таùйир ёфт ва ба таҳдиду хатарҳои наве рўбарў омад, ки муносибати комилан навро дар мубориза бар зидди ин гунна хатарҳо тақозо менамояд. Шомилшавии ҷавонон ба сафи ташкилотҳои террористию экстреместӣ, бахусус ба ном «Давлати Исломӣ», ҷамомати « Ансорруллоҳ» ва «Іаракати Исломии Узбекистон» то ин ҷониб яке аз муамоҳои асосӣ ва нигаронкунанда барои тамоми ҷомеа боқӣ мемонад. Бо андешаи Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мо тоҷикон аз таҷрибаи талхи худ медонем, ки ҷанг ба чӣ оқибати даҳшатнок оварда мерасонад. Барои он, ки ягон инсони рўи замин ин даҳшатро ҳис накунад, мо бояд аз қувваҳои терростӣ ва экстримистӣ халос шавем ва мамлакати худро аз таъсири марговари онҳо эмин нигоҳ дорем.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо