ХАТЛОН. Бо ташабуси Роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҳамкорӣ бо КИ ҲХДТ ва нозирони митақавии ШВКД - и ноҳия, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 14-и ҷамоати деҳоти ба номи Калинин бо хонандагони синфҳои болоӣ дар мавзуъи «Ташаккул ёфтани мафкураи сиёсии хонандагон», дастовардҳои 27-мин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирӣ ва огоҳонидан аз хатарҳои терроризму экстремизм, тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандўстиву меҳанпарастӣ, эҳтироми муқаддасоти миллӣ, ҷалби хонандагон ба омўзиши фанҳои дақиқ, тарзи дурусти истифодабарии шабакаҳои иҷтимоӣ, риояи муқаррароти Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, оворагардию бекорӣ, машғулият ба варзиш, иштирок дар озмунҳои ноҳиявию вилоятӣ, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ русиву англисӣ, кўмак ба шахсони барҷомонда аз қабили пиронсолони бекасу танҳо ба корҳои хоҷагидорӣ яъне кандани замин, захираи ҳезум барои зимистонгузаронӣ, суҳбату вохурӣ баргузор гардид. Ичунин қайд карда шуд, ки терроризму эктремизм дар замони мо хусусияти ҷаҳонӣ касб карда, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кўшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои нопоки худро бо ҳар роҳу восита ва ҳатто бо усулҳои ғайриинсонӣ ба амал оварда, кишварҳои ободу пешрафтаи моро ба харобазор табдил диҳанд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо