ХАТЛОН. Намояндагии ТҶҶ « Созандагони Ватан » дар ноҳияи Темурмалик таҳти роҳбарии Раҷабов Ҷаҳонгир, рӯзи 19 декабр соли 2018 бо ҷавонони ноҳия аохурии судманд анҷом доданд. Зимни мулоқот хониши сиёсӣ дар мавзуи Оиннома ва Барномаи ТҶҶ «Созандагони Ватан» инчунин вобаста ба истифодадиҳии чархаи якуми неругоҳи барқи обии Роғун , рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар масъалаи пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни наврасону ҷавонон, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ гузаронида шуд . Дар мулоқот ҳамчунин роҳбари бахши намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Темурмалик Раҷабов Ҷаҳонгир низ баромад кард .
Доир ба суханронии раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид, омӯзгори муассисаи номбурда Бобоева Мамлакат вобаста ба ин хониши сиёсӣ, андешаҳои худро баён кард . Сипас, бо тарафдории ҳамаи иштирокчиён ҷонибдорӣ аз сиёсати оқилонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён гардид.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо