ДУШАНБЕ. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб тибқи ҷадвали сўҳбату вохўриҳои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Душанбе дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45-и ноҳияи Фирдавсӣ бо хонандагон вохӯрӣ доир карда шуд. Сайдалӣ Шамсов - мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар хусуси тартибу интизом, эҳтироми якдигар, волидайн, омӯзгор ҳарф зада, таъкид намуд, ки насли наврас ояндаи миллат аст ва аз онҳо умедҳои зиёд аст. Ҳамзамон, роҷеъ ба вабои аср-терроризму экстремизм изҳори назар намуд ва таъкид кард, ки ҳушёрию зиракии сиёсиро набояд аз даст дод. Инчунин, наврасонро расидан ба қадри шароити хубу мусоид барои таҳсил, зиндагӣ, фаъолият ва шукргузорӣ аз ин давлату Ватани обод, хониши хубу аъло ва интизому ахлоқи намунавӣ даъват намуд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо