ХАТЛОН. Тибқи нақшаи чорабиниҳои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Левакант саннаи 17-декабри соли ҷорӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и шаҳр хониши сиёсӣ таҳти шиори «Президент- роҳнамо ва ғамхори ҷавонон» бо ҷалби зиёди аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур мудири бахши кор бо ҷавонон варзиш Одинаев Ҷумахон, Роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Левакант Ризомова Гуландом иштирок ва суханронӣ намуданд. Сухани ифтитоҳиро роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Левакант Гуландом Ризомова оѓоз намуда, иброз намуд, ки ҷавонон ҳамчун ояндагони ин меҳан ва миллат аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣдар баробарӣдигар қишрҳои ҷомеа ҳамеша дар маркази диққати Ҳукумати кишвар, махсусан Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президент Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон қарор гирифта, ҷиҳати рушд ва инкишофи ҳаматарафаи қишри ҷавон тамоми имконот ва шароитҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Аз ин рў бешак метавон гуфт, ки кулли дастовардҳои ҷавонон дар даврони Истиқлолият маҳз натиҷаи дастгирӣ, ѓамхори ва тавваҷуҳи пайвастаи Роҳбарияти олии кишвар мебошад.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо