ХАТЛОН. Намояндагии ТҶҶ«Созандагони Ватан» дар ноҳияи Ёвон дар доираи нақшаи чорабиниҳои бо мақсади ташаккули мафкураи сиёсии ҷавонон бо ҷавонони ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ и.в. муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Солиҳов Маҳмадрасул ва мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумита Нозиров Хайём иштирок намуда, роҷеъ ба мавзуъҳои садоқат ба Ватан, баланд бардоштани ҳиси ватандӯстии наврасону ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизму ҳаракатҳои ифротгаро, эҳтироми падару модар ва омӯзгорон, самаранок истифода бурдани айёми мактабхонӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва расидан ба қадри сулҳу субот ва Ваҳдату Истиқлолияти ҷовидона андешаронӣ намуданд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо