ХАТЛОН. Тибқи ҷадвали баргузории вохӯриҳо роҳбари намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Нуруллоев Саъдулло, мудири шуъбаи таблиғотии Кумитаи иҷроия Алиев Зафар, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 бо хонандагони синфҳои болоӣ ва омӯзгорони муассисаи мазкур дар бораи истифодаи телефони мобилӣ ва манфиатҳои он суҳбат намуд. Дар шароити пешрафти босуръати илму техника бо донишҳои муосири илмиву техникӣ мусаллаҳ гардонидани ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ширкати фаъолонаи онҳо дар пешрафти ҷомеа ва давлат яке аз шартҳои асосии рушди иқтисодии кишвар мебошад. Ҳоло таҳқиқоти олимон исбот намудааст, ки истифодаи бенизому бемеъёри телефонҳои мобилӣ, махсусан аз ҷониби наврасону ҷавонон, ба сустшавии фаъолияти ҷисмонӣ. Пастшавии қобилияти фикрронӣ, қабули ахбор, бемор шудани узвҳои шунавоӣ ва ҳаттоба безуриётӣ оварда мерасонад. Бояд маданияти истифодабарии дастовардҳои технологияҳои муосир, аз ҷумла телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби ҷавонон риоя карда шаваду ба манфиати хеш кор баранд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо