ДУШАНБЕ. Тибқи накша-чорабинихои Кумитаи ичроияи ХХДТ дар шахри Душанбе ва чадвали сўхбату вохўрихои намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар шахри Душанбе бо иштироки Шамсов Саидали-мудири шуъбаи кор бо чавонони Кумитаи ичроияи ХХДТ дар шахри Душанбе, Шерова Тахмина Назриддиновна-директори муассисаи тахсилоти миёнаи умумии №71, масъулини Кумитаи ичроияи хизбии нохия дар толори муассисаи тахсилоти миёнаи умумии №71-и нохияи Шохмансур бо хонандагон вохўрии судманд доир гардид. Шамсов Саидалӣ-мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб зимни баромади хеш оид ба пешгирии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҷинояткорӣ дар байни наврасон нигоҳдории гулгашту майдончаҳои варзишӣ, эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ, ҳифзи арзишҳои маънавию инсонӣ, ҳифзи марзи буму ватан, амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар масъалаҳои муҳими ҷомеа суханронӣ намуд
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо