ХАТЛОН. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи ТҶҶ «Созандагони Ватан» кормандони масъул бо ҷавонони деҳаи Ҷангалпарвари Ҷамоати деҳоти Нури Вахш суҳбату вохурӣ баргузор намуданд. Дар вохурии мазкур тамоми самтҳои асосии фаолияти ҷавонон баҳри пешрафти саводнокӣ ва ҷалби онҳо ба китобхониву ватандустӣ пешрафти илму техника фаҳмонида шуд. Инчунин дар байни ҷавонони деҳот дар бораи терроризму эктремизм ва шомил нашудани онҳо ба ҳизбу ҳарактҳои ифротӣ аз тарафи масъулин хониши сиёси гузаронида шуд. Баргузор гардидани «Шоми дӯсти»-и байни мардуми тоҷику ӯзбек, ҳамкорӣ ва дӯстӣ, кушодани гузаргоҳҳои сарҳадӣ ба саҳми ҷавонон расонида шуд. Муҳтавои баромади масъулинро ҷавонон дарк намуда, зикр намуданд, ки ҳамеша пайрави Пешвои миллат ва ҷонибдори сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошем.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо