ХАТЛОН. Тибқи нақша-чорабиниҳои Намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Данғара дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара оиди баргузории сўњбатњо бо хонандагони синфњои болоии муассисањои тањсилоти миёнаи умумї ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ бо мақсади ташаккули мафкураи сиёсии онҳо таҳти унвони “Садоқат ба Ватан мароми мост!” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 деҳаи Сафобахш чорабинӣ доир гардид. Дар чорабинии мазкур атрофи мавзӯҳои муқаддасоти миллӣ, ҳифз ва гиромидошти онҳо, дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат, сифати таҳсилот, мутахассисони рақобатпазир ва сатҳан касбӣ дар бозори озоди меҳнат, омӯзиши илмҳои дақиқ, техника ва технологияи муосири иттилоотиву коммуникатсионӣ, сиёсати маорифпарварона ва ҷавондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуданд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо