ШНТҶ. Санаи 15 декабри соли 2018 Кумитаи иҷроия Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар шаҳри Ҳисор бахшида ба 24-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар МТМУ №8-и шаҳри Ҳисор бо иштироки варзишгарони ҷавони мактаби варзишии шаҳри Ҳисор ба номи Абдуманнон Зокиров ва сарбозони қисми ҳарбии 06870 ҚЗ ҚМ ҶТ чорабинии ҳарбӣ-ватанпарварӣ таҳти унвони «Ҳимояи Ватан рисолати мо ҷавонон аст!» баргузор намуд. Чорабиниро Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор Фаррух Аловиддинов ифтитоҳ намуда, дар доираи 24 соли фаъолияти пурсамари ҳизби зодаи даврони истиқлолият ибрози андеша намуда, чунин қайд намуд:
10 декабри соли 2018 ба таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 24 сол пур шуд. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд, ҲХДТ дар давраи сарнавиштсоз ба фаъолият шурӯъ намуда, ҳадафи асосиаш ваҳдату ягонагӣ, устувориву пойдории сулҳ ва таъмини ояндаи неки шаҳрвандони кишвар аст. ҲХДТ тӯли 24 соли фаъолият зери шиори «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» ҷомеаро ба марҳилаҳои сифатан нав расонид.
Сипас, аз ҷониби хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 барномаи омодашуда ба намош гузошта шуд.
Инчунин аз тарафи варзишгарони ҷавони мактаби варзишии шаҳри Ҳисор намоиши якҳарбаи шарқӣ ва аз тарафи сарбозони ротаи таъиноти махсуси қисми ҳарбии 06870 ҚЗ ҚМ ҶТ намоиши маҳорати ҷангии даст ба гиребон ва ба қисмҳо ҷудо ва ҷамъ намудани яроқи оташфишони автомати Калашников намоиш дода шуд. Ҳамзамон бо хонандагони синфҳои болоӣ дарси машқӣ гузаронида, оид ба нишондодҳои тактикиву техникии ин яроқ маълумоти умумӣ дода шуд, ки писанди хонандагон гардид .Инчунин баҳри болида гардонидани табъи иштирокчиёни чорабинӣ ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳри Ҳисор ҳунарнамоӣ намуданд.Мақсади баргузории чунин чорабиниҳои ҳарбӣ-ватанпарварӣ ин тарбияи насли наврас дар рӯҳияи баланди ватандӯстию ватанпарварӣ ва бедор намудани худшиносивӯ худогоҳии миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим байни ҷавонон ва ҷалби онҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо