ХАТЛОН. Намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан» бо ҷавонони Ҷамоати деҳоти С. Турдиев баргузор гардид. Зимни вохури Муродали Шамсов дар бораи терроризму экстремизм бо ҷавонон суҳбат намуд. Мазкур қайд кард, ки мутасифона, экстремизм ва терроризм ба яке аз мушкилоти умдаи ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст ва чун амиқтар таҳлил кунем, ин мушкилиро ҷомеаи ҷаҳонӣ худ эҷод кардааст. Маҳз стандартҳои дугонаву духурагиҳо дар сиёсати ҷаҳонӣ ба ин боис гардидаанд. Бо тасдиқи ин воқеият ба боварӣ метавон гуфт, ки сиёсати манфиатҷўёнаи абарқудратҳо ба хотири тақвияти манфиатҳои худ ин пеш аз ҳама ба заиф сохтани идеологияи рақибонашон равона шудааст. Дар хотир бояд дошт, ки эшон барои даст ёфтан ба манофеи худ аз ягон усул рў намегардонанд. Ҳатто баъзе аз доираҳои манфиатдор кўшиш мекунанд ба ифлостарин корҳо, то андозае, ки афкори умум бардошт доранд, либоси мусбӣ пўшонанд ва ё андешаи мардумро ба мавҷудияти ногузири онҳо мутобиқ созанд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо