ХАТЛОН. Намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан»дар ноҳияи Ҳамадонӣ бо ҷавонони Ҷамоати деҳоти С. Турдиев бо мақсади ташаккули мафкураи сиёсии онҳо таҳти унвони «Садоқат ба Ватан мароми мост!» вохўри гузарониданд. Зимни вохўрии Моҳира Одинаева дар бораи истифодаи телефони мобилӣ ва манфиатҳои он суҳбат намуд. Дар шароити пешрафти босуръати илму техника бо донишҳои муосири илмиву техникӣ мусаллаҳ гардонидани ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ширкати фаъолонаи онҳо дар пешрафти ҷомеа ва давлат яке аз шартҳои асосии рушди иқтисодии кишвар мебошад. Ҳоло таҳқиқоти олимон исбот намудааст, ки истифодаи бенизому бемеъёри телефонҳои мобилӣ, махсусан аз ҷониби наврасону ҷавонон, ба сустшавии фаъолияти ҷисмонӣ. Пастшавии қобилияти фикрронӣ, қабули ахбор, бемор шудани узвҳои шунавоӣ ва ҳаттоба безуриётӣ оварда мерасонад. Бояд маданияти истифодабарии дастовардҳои технологияҳои муосир, аз ҷумла телефонҳои мобилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҷаониби ҷавонон риоя карда шаваду ба манфиати хеш кор баранд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо