ХАТЛОН. Бо ташабуси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар бахшида ба таҷлили 24-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ дар Колеҷи Тиббӣ шаҳри Бохтар ташкилоти ибтидоии ҳизби «Абӯалӣ Ибни Сино» чорабини баргузор гардид. Бо иштироки роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” вилояти Хатлон Дилафрузи Абдулло ва роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шазри Бхтар Асадуллозода Ватан ва мудири шуъбаи кор бо занон Ҳакимова Волида. Саравал дар роҳрави даромадгоҳ намоиши ҳунарҳои дасти ба намоиш гузошта шуда буд. Намояндагон дидан намуда ба онҳо баҳои балад гузоштанд. Сипас дар толори муассиса чорабини фарҳанги баргузор гардид. Саравал намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Дилафрӯзи Абдулло ба сухан баромада , ҳамагонро барои таъсисёбии 24-умин солгарди ҲХДТ табрику муборакбод намуда дар хониш ва кору фаъолияташон бурдбориҳо орзу намуда қайд намуд, ки аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии ҲХДТ қувваҳои зеринии ҷомеа ба ин ҳизб таваҷҷӯҳ пайдо карда, бо роҳбарӣ ва ҳидояти роҳбари муаззами ҳизбамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ тавонистанд ҷомеаро аз вартаи нестӣ раҳобахшанд. ҲХДТ дар замони соҳибистиқлолии Ватани азизамон таъсис ёфта, ба саҳнаи сиёсии мамлакат ворид гардидааст. Дар ин бора Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид доштаанд, ки “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – ҳизби зодаи истиқлоли кишвар буда, он ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи асосии худ қарор додаву барои садоқати халқ ва ободии Ватан саъйю талош меварзад.Сипас мудири шуъбаи кор бо занон ҳакимова Волида оид ба “Фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти пешгири аз бегонапарастию майл ба фарҳанги бегона бо мақсади ҳифзи ҳуввияту асолати миллӣ” баромад намуда ба ҷавонон фикру ақидаи худро бараси намуд.Сипас аз тарафи ҷавонон маърузаву шеърҳо, сурудҳо ва ба хотири болидахотири аҳли иштироккунандагон саҳначаи ҳаҷви ва рақси дилнишине пешкаш гардид.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо