ДУШАНБЕ. Бо ташаббусси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бахшида ба Рўзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар майдони варзишии Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов мусобиқаи кушод аз намуди ҷавгонбозӣ байни ҷавонон доир гардид. Дар мусобиқа ғолибон муайян гардида, ҷойҳои дуюм ва сеюм аз тарафи Раиси Кумита бо медал, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдони карда шуданд. Ғолиби ҷойи аввали мусобиқа 11 декабр дар меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенси Душанбе” дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рўзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қадрдонӣ карда мешавад.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо