ДУШАНБЕ. Вобаста ба дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48 хониши соати сиёсӣ оид ба мавзӯҳои мубрами рўз миёни ҷавонон доир гардид. Бозорова Г.- мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия дар мавзӯи худшиносию худогоҳии миллӣ, ватанпарастӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, омӯзиши илм, касбу ҳунар, тарғиби ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва ба ин васила пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоии гароиш ба фарҳанги бегона, шомилшудан ба ҳаракатҳои ифротӣ ва ғайримазҳабӣ миёни наврасону ҷавонон сӯҳбат намуд. Зикр гардид, ки оила асоси ҷамъият ба шумор меравад. Оила солим бошад, ҷамъият ҳам солим аст. Агар он заифу ноқис бошад, пойдории ҷамъият низ камқувват мегардад. Дар натиҷа бинои пойдевори сохташудаи он каҷ мешавад. Барои ба таълиму тарбия фаро гирифтани насли ҷавон мо набояд танҳо ба маориф такя намоем, зеро вақти зиёди ҷавонон дар оила дар назди волидайн мегузарад. Дар фарҷом миёни хонандагон ва баромадкунандагон оид ба мавзӯҳои мубрами рӯз мубодилаи афкор доир шуд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо