ДУШАНБЕ. Санаи 04.12.2018 дар маҳаллаҳои Бӯстон 1 ва Бӯстон 2 намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Шоҳмансур бо ҷавонон дар мавзӯҳои мубрами рӯз мулоқоти рӯ ба рӯ доир гардид. Дар мулоқот вобаста ба тарбияи ватанпарастии ҷавонон, баланд бардоштани эҳсоси худшиносӣ дар ниҳоди ҷавонон ва ҳифзи марзу буми ватан, омодагии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, дифоъи фарҳанги миллӣ, тарбияи шахсияти комили ватанпарасту хештаншинос, омӯзиши илм ва касбу ҳунар ва ба ин васила пешгирии гароиш ба фаврҳанги бегона, нагаравидан ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, маҳкум намудани ҳаракати иғвоангезии салафия, ҷалби пинҳонии ҷавонони ноогоҳ ба равияҳои экстремистӣ, пешгирии ҷинояткорӣ миёни ҷавонон ва амсоли ин суханронӣ гардид. Дар интиҳо ҷавонони фаъоли узви ТҶҶ “Созандагони Ватан” ба саволҳои хеш ҷавоб гирифта, инчунин, пешниҳоду таклифҳои судбахш ироа шуданд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо