ДУШАНБЕ. Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ҷадвали сӯҳбату вохӯриҳои намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар шаҳри Душанбе дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №77 бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҳизбии шаҳрӣ бо хонандагон вохӯрӣ доир гардид. Шамсов Саидалӣ – мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе зимни баромади хеш оид ба дастоварҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони истиқлолият, амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҷинояткорӣ дар байни наврасон, пўшидани сару либоси фарҳанги бегона,, нигоҳдории гулгашту майдончаҳои варзишӣ ва дигар масъалаҳои муҳими ҷомеа суханронӣ намуд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо