ДУШАНБЕ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар ноҳияи Сино бахшида ба 24-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар “Қасри теннис” мусобиқаи кушод аз рӯи намуди тенниси калон байни ҷавондухтарони ҳудуди ноҳияи Сино доир намуд. Дар мусобиқа ғолибон муайян гардида, ҷойҳои дуюм ва сеюм аз тарафи Раиси Кумитаи иљроияи ҲХДТ дар ноњияи Сино бо медал, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Ғолиби ҷойи аввали мусобиқа 11 декабри соли равон дар меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенси Душанбе” дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 24-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қадрдонӣ карда мешавад.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо